ЛЕВАКАНТ: Нақши бахши ҳифзи муҳити зист дар тозагӣ

Левакант: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо ташаббуси бахши ҳифзи муҳити зисти шаҳри Левакант дар ҳамбастагӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант 6-адад қуттии партов барои партовҳои пластикӣ ва сахти маишӣ дар нуқтаҳои шаҳр гузошта шуд. Ин ташаббус ҷиҳати тозаю озода нигоҳ доштани муҳити зист роҳандозӣ гардида, масъулин дар самти баланд бардоштани маърифати экологии сокинон тибқи нақша-чорабинӣ корҳои назаррасеро ба анҷом расонида истодаанд.

Тавре мудири бахши ҳифзи муҳити зисти шаҳр Самадзода Шоҳрух иброз намуд, ки онҳо дар пайи ин ташаббус ният доранд, боз чанд қуттии дигари партовпартоии ба ҳамин монанд дар шоҳроҳҳо ва беш аз 30-адад қуттии хурди партов дар ҳудуди шаҳр ҷойгир кунанд.