ЛЕВАКАНТ: НАСБИ АЛОМАТҲОИ РОҲ БАҲРИ ПЕШГИРИИ САДАМАҲО

Левакант: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бехатарии роҳу нақлиёт аз масъулини соҳаи роҳсозӣ  масъулияти баландро тақозо мекунад. Бино бар ин масъала масъулини ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Роҳсозон”-и шаҳри Левакант ба хотири бехатарии роҳ, нақлиёт ва пиёдагардон дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Гулистони шаҳри Левакант 8-адад аломатҳои бехатарии ҳаракат дар роҳ насбу васл намуданд, ки ин амал барои пешгирии садамаҳои нақлиёт ва пиёдагардон манфиати калон дорад.

Ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Роҳсозон”-и шаҳри Левакант нақша доранд, ки боз дигар корҳои ободониро бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон идома дода, дар ояндаи наздик кӯшиш мекунанд, ки ба хотири пешгирӣ аз садамаҳо чунин аломатҳои бехатариро дар роҳ бештар намоянд.