САБЗАВОТҲОИ ТАРУ ТОЗА ДАР ТАМОМИ ФАСЛҲОИ СОЛ

Левакант: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Имрӯз бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Левакант Олимзода Низора ва аъзои Раёсати Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Левакант муовини якуми раиси шаҳри Левакант-Кабирзода Неъматулло аз гармхонаи инноватсионии ҶДММ “Витаминҳои Тоҷикистон”, ки бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон санаи 25-уми апрели соли 2023 ифтитоҳ шуда буд,  дидан намуданд. Баъд аз шиносоӣ бо кормандони корхонаи мазкур маълум гардид, ки аксарияти кормандон хоҳиши ба сафи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон шомил шуданро доранд.

Масъулини Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Левакант дар рӯзҳои наздик оиди иҷрои дастуру супоришҳои муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҷиҳати зиёд намудани ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар ҶДММ “Витаминҳои Тоҷикистон” ташкилоти ибтидоии ҳизбии нав таъсис менамоянд.

Мақсад аз ташкили коргоҳи мазкур таъмини бозори истеъмолӣ дар ҳама фаслҳои сол бо маҳсулоти хушсифати кишоварзӣ ва содироти он ба хориҷи кишвар ба ҳисоб меравад. Истифодаи методҳои инноватсионӣ дар гармхонаи номбурдашуда имкон медиҳад, ки ҳосилнокии маҳсулотҳои кишоварзӣ ба 100 тонна дар як сол расонида шавад.

Кишоварзони шаҳри Левакант бо истифода аз гармхонаҳои доимоамалкунанда дар самти истеҳсоли маҳсулоти тару тозаи барвақтӣ ба натиҷаҳои хуби меҳнатӣ расида, имрӯзҳо ҳосили фаровон ба даст оварда истодаанд. То ба имрӯз аз гармхонаҳои доимоамалкунанда зарбдорон беш аз 100 тонна ҳосил ҷамъоварӣ намуда, аз аввали сол то ба имрӯз бозорҳои маҳаллӣ ва ҷумҳуриро бо сабзавоти барвақтӣ, аз ҷумла помидор ва бодиринги  хушсифат таъмин намуда истодаанд.

Фаровонии бозорҳои истеъмолии мамлакат бо маводи ғизоӣ пеш аз ҳама аз кишоварзон вобаста аст. Зеро онҳоянд, ки дар замин шабу рӯз заҳмат кашида, ҳосил ба даст меоранд ва аз маҳсули дасти онҳо дигарон баҳравар мегарданд. Аз ин лиҳоз нақши кишоварзон дар таъмини амнияти озуқавории мамлакат хело ҳам бузург ва назаррас аст.