ОБОДГАРИВУ СОЗАНДАГӢ - МАРОМИ МО, ҲИЗБИЁН!

Левакант: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо ташаббуси кормандони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Левакант дар доираи дастури Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант оиди баргузории шанбегиҳо дар ҳудуди шаҳр бахшида ба таҷлили сазовори ҷашни 35-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳашари дастаҷамъона баргузор намуданд. Мақсад аз баргузории чунин шанбегиҳо ин баланд бардоштани маърифати зебоипарастии насли наврас ва ҷавон ба ҳисоб меравад.