ҶАВОНОН ВА 32-СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ

Левакант: Созандагони ватан  

Хониши сиёсӣ бо иштироки кормандони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Левакант ва омӯзгорон дар самти амалисозии татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон, оид ба шарҳу тавзеҳи Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси олии мамлакат, ҷиҳати донишомӯзии ҷавонон, омӯхтани забонҳои хориҷӣ, таваҷҷуҳи зиёд намудан ба фанҳои дақиқ, дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ,  дар руҳияи ватандӯстӣ тарбия намудани насли ҷавон, нақши Пешвои миллат дар таъмини сулҳу субот ва ободии ҷумҳурӣ, ҳифзи амният ва оромии ҷомеа, ихтиёран пайвастан ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон  пешгирии ҷинояту ҷинояткорӣ, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои терористию экстремистӣ ва бедор намудани ҳисси ватандӯстӣ бо ҷавонони 14-16 солаи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1-и шаҳри Левакант гузаронида шуд.