Тибқи нақшаи кории Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Левакант дар толори Китобхонаи марказии шаҳр дар ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ “Ҷавонон ва варзиш” вохӯрӣ оид ба қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоқикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” баргузор гардид. Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Левакант Олимзода Низора қайд намуд, ки бо қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” сатҳи камбизоатӣ дар мамлакат зина ба зина коҳиш ёфта, расму ойинҳои динӣ ба танзим дароварда шуд. Қонун ҳамчун яке аз иқдомоти муҳимтарин дар самти ҳифзи анъанаҳои мардумӣ боиси ҳалли бисёр мушкилоти ҳаётан муҳими аҳли ҷомеа гардида, ҷашну маъракаҳо ва расму ойинҳо дар мамлакат ба низом дароварда шуд. 08-июни соли 2007 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, ки бо ташаббуси Пешвои миллат, Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон таҳия гардида, ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи иҷтимоию иқтисодии зиндагии шаҳрвандон ва аз байн бурдани хурофоту зиёдаравӣ ва зоҳирпарастӣ дар ҷомеа нигаронида шудааст, қабул гардид. Дар идомаи суҳбат Валиев Суҳроб оиди моддаи 6 Ваколати мақоми ваколатдор ва комиссияҳои доимии маҳаллӣ оид ба танзими анъана ва ҷашну маросимҳо ибрози ақида намуд. Мақсад аз баргузории вохӯрии мазкур пешгирӣ аз қонуншиканиҳо дар самти Қонунҳои миллии кишвар ба ҳисоб меравад.