АМАЛИШАВИИ ТАШАББУСИ ҲИЗБИИ “МАКТАБИ МАН”

Левакант: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон, ҳар шанбеи охири моҳ ҷиҳати татбиқи Амалиёти муштараки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таҳкими низоми таълиму тарбия вар муассисаҳои таълимӣ баргузор карда мешавад. Дар шаҳри Левакант ин ташаббус хусусияти хосаро касб намуда, ҷиҳати амалишавии ташаббуси ҳизбии  “Мактаби ман” маорифпарварони шаҳр, иқдомҳои падару модарон ва собиқ хатмкунандагони муассисаҳои таълимиро руйи кор оварданд.

Ташаббуси мазкур аз тарафи сокинон, падару модарон ҷонибдорӣ гардида,  дар навбати худ хатмкардагон низ барои таъмири ҷории мактабҳо ва таъмини онҳо бо мизу курсӣ тадбирҳои заруриро роҳандозӣ намуданд. Дар ин рӯз ҳамчунин бинои нави таълимӣ иборат аз 4 синфхонаи иловагии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №9 дар деҳаи Хурамдеҳ, ки аз сӯйи соҳибкорону сокинони маҳалла тариқи ҳашари дастаҷамъӣ бунёд шуда буд, бо фароҳам овардани тамоми лавозимоти таълимӣ мавриди истифода қарор гирифт.