ИСТИҚЛОЛИЯТ ТУҲФАИ БЕБАҲО АЗ ҶОНИБИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

Левакант: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар асоси нақша-чорабиниҳои Кумитаи иҷроияти ҲХДТ дар шаҳри Левакант бахшида ба 32-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Пайравони Сино” мизи мудаввар баргузор карда шуд. Дар чорабинии мазкур Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант муҳтарам Олимзода Низора, раиси ташкилоти ибтидоӣ Эмомов Ҳасан ва кормандони муассисаи мазкур ҳузур доштанд. Раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Пайравони Сино” оид ба арзишҳои Истиқлолияти давлатӣ сухан намуд. Дар навбати худ Раиси Кумитаи иҷроия ҲХДТ дар шаҳри Левакант Олимзода Н. омӯзгоронро ба 32-юмин солгарди Истиқлолияти давлатӣ табрик намуда, дар корҳои ояндаашон муваффақият таманно намуд. Ҳангоми суҳбат Раиси Кумитаи иҷроия Истиқлолиятро беҳтарин неъмати бебаҳо дониста, онро безаволтарин дастоварди миллӣ шуморида, аз рӯзҳои аввали ҷаҳду талошҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи расидан ба Ваҳдати миллӣ, пойдории Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдовар шуда, саҳми барҷастаи Сарвари давлатро бори дигар ба саҳми ҳозирин расониданд.

Баъд аз анҷоми мизи мудаввар раиси ташкилоти ибдидоӣ ҳисоботи ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Пайравони Сино”-ро дар 7-моҳи соли 2023 ироа намуд.