БАРГУЗОР НАМУДАНИ АКСИЯИ ҲИЗБӢ ДАР ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ

Левакант: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар асоси барқияи телефонии Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон Саидзода Ҷамшед Ҳамро аз 29 августи соли 2023 №1/2-27 дар асоси банди 21 Нақшаи чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон барои нимсолаи якуми соли 2023 дар санаи 2-сентябри соли 2023 Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони “Тозагии соҳил - вазифаи мо, ҷавонон” бо ҷалби аъзоёни ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар якҷоягӣ бо МИҲД ва соҳаи тандурустӣ дар маркази шаҳр  аз ҷониби кормандони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Левакант ва дар якҷоягӣ бо Муҳаммад Шарипов-мудири шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дастгоҳи раиси шаҳри Левакант, Саидов Фатҳиддин-мутахассиси пешбари шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дастгоҳи раиси шаҳри Левакант, аъзоёну ҷонибдорони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии Маркази саломатии “КАТС” ва “Беморхонаи марказ”-и шаҳр, аъзоён ва тарафдорони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Тибби Баҳодурон” ва волонтёрони назди Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Левакант баргузор карда шуд.

Дар натиҷа ҳудуди шаҳраки номбурда аз алафҳои бегона ва партовҳо тоза карда шуда, дарахтони назди дарёи ҳудуди шаҳр тоза карда шуданд.