БАРГУЗОРИИ ШАНБЕГӢ ДАР НАЗДИ ТАШКИЛОТҲОИ ҲИЗБӢ

Левакант: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бахшида ба 32-солагии Истиқлолияти давлатӣ бо мақсади тозаю озода нигоҳ доштани назди ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ, кӯчаю хиёбонҳои марказӣ аксияи ҳизбӣ зери унвони “Тозагии соҳил- вазифаи мо, ҷавонон” баргузор гардид. Дар ҳашари дастаҷамъона аъзо ва ҷонибдорони ҳизбӣ, аъзои ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар шаҳри Левакант иштирок намуда, атрофи ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии Маркази саломатии “КАТС” ва “Беморхонаи марказӣ” аз алафҳои бегона тоза карда шуда, зери дарахтон нарм карда шуд. Ҳашари дастаҷамъона аз ҷониби аъзо ва ҷонибдорони ҳизбӣ ҳар рӯзҳои шанбе ташкил ва баргузор карда мешавад.