ХИЗМАТ БА ВАТАН ШАРАФ АСТ!

Левакант: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Тибқи супоришҳои протоколии Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон муҳтарам Саидзода Ҷамшед Ҳамро аз 17-августи соли 2023 оиди баргузор намудани ситоди даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки масъулини Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Левакант дар толори маҷлисгоҳи КИ ҲХДТ дар шаҳри Левакант Ситоди даъвати ҷавонон ба сафи Қуваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон байни ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ баргузор гардид. Дар ситод раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Левакант вобаста ба ҷалби ҷавонони синни даъватӣ ба хизмати ҳарбӣ дар даъвати тирамоҳӣ суҳбат намуда, иброз дошт, ки баҳри иҷрои нақшаи даъвати тирамоҳӣ ва ҷалби ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ бояд чораҳои зарурӣ андешида шавад. Иштирокчиёни Ситод ваъда доданд, ки дар ҷалби бештари ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ мусоидат намуда, баҳри иҷроиши нақшаи даъвати тирамоҳӣ дар шаҳр ва назди кумитаи иҷроияи ҳизб саҳми сазовор хоҳанд гузошт.