ОБУНАШАВӢ БА НАШРИЯҲОИ ҲИЗБӢ БО МАРОМ ИДОМА ДОРАД

Левакант: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Вобаста ба иҷрои Протоколи №1-и Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон оид ба Ситоди “Обуна-2024” ба нашрияҳои ҳизбии “Минбари халқ” ва “Ҳамрози халқ” барои соли 2024 аз 17-августи соли 2023 аз ҷониби кормандони масъули Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Левакант дар байни ташкилоту муассисаҳои шаҳр барои “Обуна-2024 шудан ба нашрияҳои ҳизбии “Минбари халқ” ва “Ҳамрози халқ” корҳои фаҳмондадиҳӣ бо аъзоёну ҷонибдорони ҳизб баргузор гардида истодаанд.

Имрӯз бо иштироки мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Левакант Расулов Меҳтоҷалӣ бо мутахассиси пешбари бахши кишоварзии МИҲД шаҳри Левакант Қаландарзода Мирзоалӣ, сардори идораи почта Исмоилов Ҷабор бо ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии "Хоҷагии Бобои Муҳриддин", "Хоҷагии деҳқонии Муҳамадҷон", инчунин "Хоҷагии деҳқонии Баракати ҳамкорон" суҳбату вохӯрӣ баргузор карда шуд. Дар вохӯри Расулов Меҳтоҷалӣ вобаста ба сари вақт аъзо шудан ба нашрияҳои ҳизбӣ ва пардохти саривақтии маблағи онҳо аз ҷониби аъзоёну ҷонибдорони ҳизб барои давраи соли 2024 суханронӣ намуд.

Ҳамчунин, қайд карда шуд, ки ба хотири гуногунандешӣ ва хонданибоб гардидани нашрияҳои ҳизбии “Минбари халқ” ва “Ҳамрози халқ” ҳар як шахс, инчунин аъзо ва ҷонибдорони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон метавонанд андеша, мақола ва дигар матолиби худро ба нашр расонанд.