АКСИЯИ ТОЗАГИИ "САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН".

Левакант: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Субҳи имрӯз бо иқдоми Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант ва бо дастгирии роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант баҳри тозаю озода нигоҳ доштани ҳудуди шаҳр ва баланд бардоштани маърифати экологии аъзоёни Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар маркази шаҳри Левакант бо иштироки ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии "Барқчиён", "ҷ/д Ваҳдат", "СНОБ", "МТМУ 1,2,3,14,15", "МНДСЭ", " Бахши ҷавонон ва варзиш", "Роҳсозон", "Муассисаи хизматрасонии иҷтимоӣ дар хона", "ВНМО" аксияи тозагӣ таҳти унвони "Саҳми ман дар шаҳри ман" баргузор гардид.