КУМАКИ ЯКВАҚТИНАИ ХАЙРИЯВӢ ДАР АРАФАИ ИДИ ҚУРБОН

Левакант: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

ЛЕВАКАНТ: Тибқи ҳидоятҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арафаи Иди Қурбон Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Левакант дар ҳамкорӣ бо ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Амонатбонк”-и шаҳри Левакант аъзо фаъолон ва ҷонибдорони ҳизб, ба ятимону бепарасторон, маъюбону барҷомондагон, аз тарафи раиси ташкилоти ибтидоии мазкур Файзов Рустам кумаки ғизоӣ  аз намуди маводҳои ғизоӣ, орд, картошка, пиёз, тухм, чойи қоқ, қанд, шакар, макарон, ба маъюби гурӯҳи якум Раҳмонов Худойдод соли таваллудаш 2002 истиқоматкунандаи шаҳри Левакант кучаи Борбад16 ҳуҷраи 6 расонида шуд. Расулов Меҳтоҷалӣ-мудири шуъбаи таблиғот иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Левакант, аз таҷлилии Рӯзи Ваҳдати миллӣ, ки бо талошҳои шабонарӯзии Пешвои миллат ба даст овардааст ёдовари намуд. Раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Амонатбонк” Файзов Рустам, Давлатзода Нуралӣ-муовини раиси ташкилоти ибтидоии мазкур ҳангоми аёдати маъюб ҷашни Ваҳдати миллӣ-ро ҳачун сарчашмаи фазои тинҷу осудаи Ватан арзёби намудаанд. Файзов Рустам, ва Давлатзода Нуралӣ ваъда додаанд, ки кумакҳоро мунтазам баҳри ятимон ва маъюбон ба роҳ мемонанд.