БОЗ ЯК АДАД ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ ҲХДТ БО НОМИ “НИГИНА” ДАР ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ ТАЪСИС ДОДА ШУД

Левакант: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Санаи 1-уми июни соли 2023 бо мақсади таъсис додани ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ дар шаҳри Левакант ва интихоби раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ бо аъзоёни кӯдакистони хусуси “НИГИНА”   маҷлиси васеъ баргузор карда шуд. Дар кори мачлис  Олимзода Низора Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Левакант, Муҳамадшарифзода Зафар мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр баргузор гардид.

Маҷлисро Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Левакант Олимзода Низора оғоз намуда, қайд намуданд, ки дар шаҳри Левакант, ҷонибдорон ва хоҳишмандон барои шомил шудан ба  Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон зиёд мебошад моро мебояд танҳо дар ин самт тамоми нерӯи худро сафарбар намуда ба мақсадҳои ниҳоии ҳизбиҳо, ки расем.

Сипас, аъзоёни фаъоли Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон пешниҳод намуданд, ки баҳри амалӣ гардидани ҳадафҳои созандаи ҳизбамон дар асоси Оиннома ва Барномаи ҲХДТ дар шаҳр боз як ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ ба номи “НИГИНА” таъсис дода шавад.

Бо пешниҳоди аъзоёни ҲХДТ дар шаҳр ташкилоти ибтидои ҲХДТ бо номи “НИГИНА” таъсис дода шуд.

Инчунин, раиси ташкилоти ибтидоии ҲХДТ ба номи “НИГИНА” Самадова Парвина., котиби раиси ташкилоти ибтидоӣ Одинаева Саодат интихоб карда шуданд.

Баъдан, раиси Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб Олимзода Низора ва  Муҳамадшарифзода Зафар мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр  суханронӣ намуда, арзёбӣ карданд, ки имрӯз дар ҳаёти сиёсии шаҳр ташкил ёфтани ташкилоти ибтидоии ҲХДТ шаҳодат аз он аст, ки ҳизбиёни ташкилоти мазкур аз сиёсати имрӯзаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастгири намуда иродаи сиёсии худро муаян намуданд.

 Ба ҳар яки мо маълум аст, ки ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ асоси ҳизб буда, барои амалӣ намудани қарорҳои мақомоти болоӣ кӯшиш ба харҷ медиҳанд. Аз ин рӯ, аъзоёни ҳизбиёни ташкилотҳои ибтидоиро лозим аст, ки дар гузаронидани корҳои тарғиботӣ, зиёд намудани сафи ҳизб кӯшиш намоянд.

Инчунин дар вазъи тантанавӣ аз тарафи роҳбари ташкилоти натаъсиси мазкур бо иштироки намояндагони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Левакант бахшида ба “Рӯзи байналмиллалии ҳифзи кӯдакон” барои кӯдагони муассисаи мазкур шириниҳо такдим карда  шуд.