АФЗОИШИ АЪЗОЁНИ ҶАВОН ДАР ТАШКИЛОТҲОИ ИБТИДОИИ ҲХДТ ДАР ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ

Левакант:  

Бо иштироки Олимзода Низора-раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Левакант дар ташкилоти ибтидоии “Барқчиён” вохӯрӣ баргузор гардид.

  Нахуст раиси ташкилоти ибтидоӣ тибқи рӯзномаи вохӯрӣ дар  ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ, ки аз тарафи 10- нафар ҷавонон, ки иродаи сиёсиашонро муайян намуда, дар асоси аризаи шахсиашон ба сафи ҲХДТ хоҳиши аъзо шуданро кардаанд, ба узвияти ҲХДТ қабул карда шуданд боиси ифтихори ташкилоти мазкур арзёби гардид.   

   Дар вохӯрӣ ташкилоти ибтидоии “Барқчиён” Олимзода Низора-Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Левакант оид ба Паёми Роҳбари давлат ба Маҷлисӣ Олии кишвар, моҳиятӣ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, “дар бораи Озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ” андешаронӣ намуд.

Қайд гардид, ки дар Паёми Президенти мамлакат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба рушди кишвар дар марҳилаи кунунӣ, тарбияи ватандӯстии ҷавонон, дастгирии ҳамдигар, иҷрои саривақтии нақшаи чорабиниҳои ҷашнии 35-солагии Истиқлоли давлатӣ, вазъи мураккаб ва зудтағйирёбандаи ҷаҳон, дар умум ҳамаи самтҳоро таҳлил намуда, барои фаъолияти минбаъда вазифагузорӣ намуданд.

Аз ҳозирин даъват ба амал оварда шуд, ки ҷиҳати амалишавии қонунҳо аз ҷумла Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” ва “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” байни мардум корҳои фаҳмондадиҳиро зиёд намоянд.

Гуфта шуд, ки вазъи ҷаҳон торафт мураккаб гардида, ба пойдории истиқлолияти баъзе кишварҳо хатар эҷод шудаистодааст. Бо назардошти вазъи ҳассосу зудтағйирёбандаи ҷаҳон ҳар яки моро лозим аст, ки баҳри таҳкими Истиқлоли давлатӣ ва Ваҳдати миллӣ кӯшиш намоем.