ИДОМАИ САОТИ СИЁСӢ ДАР МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМӢ ДАР ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ

Левакант: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

“Рисолати мо, ҳизбиён аз он иборат аст, ки ба истиқболи мардум равем, сухани онҳоро шунавем ва масъалаву мушкилоти мавҷударо дар доираи имкониятҳоямон ҳаллу фасл намоем. Яъне мо бояд бо ғояҳои созандаву ободгаронаи худ ба дили мардум роҳ ёбем ва нуфуз пайдо кунем”.  Эмомалӣ Раҳмон

Имрӯз бо мақсади баланд бардоштани маърифати сиёсии наврасони синни мак 16-18 сола, тарбияи онҳо дар рӯҳияи Ватандӯстӣ, худшиносӣ, ҳуввияти миллӣ ва эҳтиром гузоштан ба мактабу маориф, ки тибқи нақшаи муштарак байни сохторҳои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Вазорати Маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таҳкими низоми таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимии ҳудуди вилояти Хатлон тасдиқ карда шудааст, ҳар рӯзи шанбеи охири моҳ дар муассисаҳои таълимӣ соати сиёсӣ гузаронида мешавад.

Бо ин мақсад дар муассисаи таълимии № 10-и шҳари Левакант бо иштироки мудири шуъбаи таблиғот иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант Расулов Меҳтоҷалӣ “Соати сиёсӣ” дар мавзуҳои “Вазъи сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷаҳон дар давоми моҳи ҷорӣ”, “Татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон”, “Таъмини волоияти қонун ҳамчун қарзи шаҳрвандӣ ва муқовимат ба ҳолатҳои қонунвайронкунӣ” ва “Даъват ба хизмати ҳарбӣ” гузаронида шуд.

Шуъбаи таблиғот ва иттилооти КИ ҲХДТ дар шаҳри Левакант