СОАТИ СИЁСӢ ДАР МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМӢ

Левакант: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар асоси Нақшаи кории Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Левакант ва бо мақсади баланд бардоштани донишҳои сиёсии ҷавонон, тарбияи онҳо дар рӯҳияи ватандӯстӣ, худшиносӣ, ҳуввияти миллӣ ва эҳтиром гузоштан ба мактабу омӯзгор, тибқи нақшаи муштараки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Вазорати Маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таҳкими низоми таълиму тарбия дар ҳамаи муассисаҳои таълимии ҳудуди шҳари Левакант ҳар рӯзи шанбеи охири моҳ дарсҳои кушод зери унвони "Соати сиёсӣ" гузаронида мешавад.

Бо ин мақсад дар Литсейи давлатии №1-и шҳар бо иштироки директори муассисаи мазкур ва омӯзгорони соҳибтаҷрибаи ин муассиса бо хонандагони синфҳои болоӣ ва волидайни онҳо, Соати сиёсӣ дар мавзуъҳои Тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, Пайдоиши пиряхҳо ва сабабу омилҳое, ки пиряхҳо об мешаванд, гузаронида шуд.

Зимни баромад вобаста ба ин мавзӯъҳо ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз суханронӣ карда шуд. Қайд гардид, ки зиёда аз 70 фоиз захираҳои обии Осиёи миёна аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ташаккул меёбанд ва барои пешгирӣ аз обшавии пиряхҳо таваҷҷуҳи кишварҳои минтақа ва ҷаҳон низ бояд ҷалб карда шавад.

Бо ҳамин мақсад Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин масъаларо ба ҷомеаи ҷаҳонӣ пешниҳод кард ва аз ҷониби Созмони Миллали Муттаҳид дастгирӣ ёфта соли 2025 соли ҳифзи пиряхҳо эълон гардида, минбаъд ҳамасола санаи 21-уми моҳи март Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи пиряхҳо дар тамоми кишварҳои ҷаҳон қайд карда мешавад.

Шуъбаи таблиғот ва иттилооти КИ ҲХДТ дар шаҳри Левакант