МАН ВАТАНДОРАМ!

Левакант: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар маркази шаҳри Левакант баҳри беҳдошти фазои экологӣ ва тозаву озода нигоҳ доштани маркази шаҳр  бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Левакант Аксия ҳизбии зери унвони “ Ман ватандорам!” баргузор карда шуд. 

Дар аксияи мазкур масъулини Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Левакант дар ҳамбастагӣ бо масъулини  ҳифзи муҳити зист, ташкилоти ибтидоии ҳизбии маорифчиён,  ташкилоти ибтидоии ҳизбии “ЛКСК” ва ташкилоти ибтидоии “Ободгарони ватан”, инчунин волонтёрони ҳизб ва кормандони ташкилотҳои мазкур  ВАО  иштирок доштанд. 

Дар Аксия ҳизбии зери унвони “Ман ватандорам!” зиёда аз 200 нафар волонтёрони ҳизбӣ ва кормандони ташкилоту муассисаҳо иштирок ва ба гурӯҳҳо ҷудо шуда, гӯшаву хиёбонҳои шаҳр ва ҷӯйборҳои обгузарро  аз ҳар гуна партову алафҳои худрӯйи хӯшкшуда тоза ва бехи дарахтонро нарм намуда, саҳми арзандаи худро гузоштанд.

 Қайд кардан ба маврид аст, ки  чунин аксияҳо баҳри беҳдошти фазои экологӣ ва тозаву озода нигоҳ доштани маркази шаҳр дар оянда низ аз ҷониби масъулин ташкил ва гузаронида мешавад.