ШАҲОДАТНОМАИ ҲИЗБӢ - ИРОДАИ СИЁСИИ МАН!

Левакант: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Имрӯз дар доираи амалиёти “Шаҳодатномаи ҳизбӣ - ифтихори ман!” омӯзгорони  муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №4 аз ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Маорифчиён”-и шаҳри Левакант ба сафи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон қабул гардиданд, аз тарафи масъулини Кумитаи иҷроияи шаҳр ба онҳо шаҳодатномаи ҳизбӣ супорида шуд ва онҳо ифтихормандии хешро аз пайвастан ба сафи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон самимона изҳор доштанд.

Расулов Меҳтоҷалӣ мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Левакант  дар суханронии худ қайд кард, ки узвият ба сафи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон нишони садоқат ба Ватан ва давлат буда, ба шаҳрванд мақоми сиёсӣ дода, ба ӯ ҷиҳати иштирок ва саҳмгузории бевосита дар идоракунии муносибатҳои сиёсӣ имконият фароҳам меорад.