ЛЕВАКАНТ: СОБИҚАДОРОНИ ВАТАН АЁДАТ КАРДА ШУДАНД

Левакант: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо иқдоми ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Фарҳангчиён”-и мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант бо мақсади баргузор намудани Аксияи шаҳрии ҳизбӣ таҳти унвони “Хеҷ кас ва ҳеҷ чиз фаромӯш нашудааст”  бахшида ба 78-солагии Рӯзи Ғалаба дар ҶБВ собиқадорони ҷангу меҳнат ва оилаҳои сарбозону кормандони низомие, ки ҳангоми адои вазифаи хизматӣ ҷони худро аз даст додаанд, аёдат шуда, ба ҳар кадоме аз ҷониби Мақомоти иҷроия маводи ғизоӣ, орду равған кумак расонида шуд.

Муовини раиси шаҳр-Шоҳиён Саъдулло, раиси Ташкилоти собиқадорони ҷангу меҳнат Султонов Ҳикматулло, раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Маорифчиён”-и шаҳр Ашурзода Ниёзалӣ ва дигар фаъолон зимни аёдат аз куҳансолону фидоиёни Ватан бо онҳо суҳбатҳо намуда, аз номи Мақомоти иҷроия ва тамоми сокинони шаҳр барои хизматҳои содиқонаву софдилонаашон ба халқу Ватан миннатдории самимӣ баён намуданд.

Зимнан, аёдатшудагон аз таваҷҷуҳ ва дастгириҳои пайвастаи Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳсон изҳори сипос намуда, аз тинҷию оромии кишвар шукргузорӣ карданд.