ҲЕҶ КАС ВА ҲЕҶ ЧИЗ ФАРОМӮШ НАМЕШАВАД!

Левакант: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Тибқи дастури раиси Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Левакант муҳтарам Файзиддинзода Бунафша аз тарафи вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Левакант Одинаева Мукаррама вакил аз ҳавзаи №33, вакил аз ҳавзаи №20 Олимзода Низора ва раиси собиқадорони ҷангу меҳнати шаҳр Султонов Ҳикматулло дар доираи таҷлили 78-умин солгарди Рӯзи Ғалаба ба аёдати Қурбонов Отамурод ташриф оварданд.

Мақсад аз аёдати шахсони рӯзғордида баён намудани миннатдорӣ ба  иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватани ва қадр намудани онҳо барои хизмати бузургашон ба ҳисоб меравад. Ҷанги солҳои 1941-1945 яке аз мудҳиштарин воқеаҳо дар таърихи башарият ба ҳисоб меравад. Дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҳамаи халқҳои Иттиҳоди Шӯравӣ иштирок намуда, барои мудофиаи мамлакат мубориза бурдаанд ва дар ғалабаи Иттиҳоди Шӯравӣ бар Олмони фашистӣ саҳми хешро гузоштаанд. Аз ҷумла, дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз ҷанговарони Тоҷикистон 58-ҳазор нафарашон дар амалиётҳои ҷангӣ мардонагию шуҷоат нишон дода, сазовори ордену медалҳои давлатӣ гардидаанд. Аз ин теъдоди умумӣ 54-нафарашон аз Тоҷикистон бо унвони аз ҳама баланди давраи Итиҳоди Шуравӣ-Қаҳрамони Иттиҳоди Шуравӣ сазовор шудаанд. Боиси тазаккур аст, ки мо ҳамасола тариқи сомонаҳои иҷтимоӣ ё ин ки шабакаҳои телевизионӣ мушоҳида мекунем, ки ғамхории бевоситаи Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба далерони шуҷои Ватан, ба фидокорони ин ҷанги хонумонсӯз ҳадду канор надорад.