БАРГУЗОРИИ ТАШАББУСИ ҲИЗБИИ "МАКТАБИ МАН"

Левакант: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар доираи ташаббуси ҳизбии "Мактаби ман!" дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №8-и Ҷамоати Гулистон, деҳаи Эшонобод вохӯрӣ бо хатмкунандагон баргузор карда шуд. Мақсад аз баргузории ин ташаббус ҷалби хатмкардагони муассиса ва шахсони саховатпеша барои амалисозии корҳои ободонию созандагӣ ва дастгирии техникии муассисаи таълимӣ арзёбӣ мегардад.

Бо иштироки директори муассисаи мазкур чунин ташаббус баргузор карда шуд. Ҳангоми суҳбат вобаста ба тарбияи ватандӯстии ҷавонон, ҷалби ҷавогписарон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ибрози андеша намуданд. Ҳамзамон, бо ташаббуси собиқ хатмкунандаи МТМУ-8-и шаҳри Левакант Салимов Қурбон ба маблағи 600 сомонӣ тамоми ноқилҳои синфхонаи компютерӣ азнавсозӣ ва таъмир карда  шуд.