Левакант: 2 КМ РОҲ МУМФАРШ ШУД

Левакант: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар доираи сафари кории Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Левакант аз ҷониби корпоратсияи “Салтанат” мумфаршсозии беш аз 2 киллометр роҳ амалӣ гашт. Ин ташаббуси бунёдкорона маротибаи аввал набуда, балки пайваста сурат мегирад ва нақши корпоратсияи “Салтанат” дар сомон додани корҳои бунёдӣ назаррас унвон мешавад. Дар расми ифтитоҳи роҳи мазкур шаҳрдорӣ, намояндагии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ширкат доштанд. Чуноне иттилоъ дода шуд, роҳи мазкур ба таъмиру навсозӣ ниёз дошт ва барои ҳаракати муътадили нақлиёт монеаҳои зиёд ҷой доштанд. Бо ибтикори корпоратсияи “Салтанат” мумфарш гаштани ин қисмати роҳ, ки мушкилии ҳаракати нақлиётро осон намудааст, боиси қаноатмандии ронандагони воситаҳои нақлиётӣ гардидааст. Вазири нақлиёт ва коммуникатсия, масъулини палатаи ҳисоб ва саноати ҶТ, намояндагии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳри Левакант зимни ифтитоҳи роҳ ба ташаббускорони ин иқдоми бунёдкорона изҳори сипос намуданд.

Инчунин, дар деҳаи Боҳтурободи ҷамоати деҳоти Гулистон бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, саҳмгузории соҳибкорони маҳал ва аҳли ҷамоатчигӣ дар масофаи 1,5 километр мумфаршкунии роҳи деҳа идома дорад. Лозим ба зикр аст, ки бо мақсади босифат сомон додани мумфаршсозии роҳҳои нақлиётгард техника ва мутахассисони Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди шаҳри Левакант сафарбар гаштааст. Ин иқдом низ дар беҳдошти ҳаракати нақлиёт ва таъмиру барқарор гаштани роҳи нақлиётгард мусоидат мекунад.

Тибқи иттилоъ дар мувозинати Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди шаҳри Левакант 53,5 км роҳҳо, аз ин ҳисоб 20,9 км роҳҳои аҳамияти ҷумҳуриявидошта мавҷуд буда, то ин муддат 22 км роҳҳо аз таъмири асосӣ ва ҷорӣ бароварда шудаанд.

Тадбирҳои ободониву бунёдкорӣ ба истиқболи арзанда аз ҷашни 35 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Левакант идома доранд.