ХАЙРИ ТИ "ОРИЁНБОНК" БАХШИДА БА ИДИ САИДИ ФИТР

Левакант: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар асоси дастуру ҳидоятҳои Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба қишри ниёзманди ҷомеа дар арафаи таҷлили Иди Саиди Фитр раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Ориёнбонк" дар шаҳри Левакант Хоҷаев Сироҷиддин баҳри дастгирии оилаҳои ниёзманд тасмим гирифт, ба Суфиев Сулаймон соли тавадлудаш 2011, маъюби гурӯҳи 1, истиқоматкунандаи кӯчаи С.Айнӣ,17 аз ҳисоби пасандозҳои шахсияш кумакҳои худро расонад.