НАФАҚАИ ҲИЗБӢ ДАР АРАФАИ ИДИ САИДИ ФИТР

Левакант: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо ташаббуси роҳбарияти Олии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зиёда аз ду сол мешавад, ки баҳри дастгирии маъюбон ва ниёзмандон нафақаи ҳизбӣ таъин гардидааст.

Ин иқдом дар ҳамаи Кумитаҳои иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба роҳ монда шуда, ҳар як Кумита ба ду-се нафар маъюбоне, ки ба дастгирии молиявӣ ниёз доранд, нафақаи ҳизбӣ ҳар моҳ дар ҳаҷми 500-сомонӣ ба ҳар кадоми онҳо пардохт менамоянд.

Ин ташаббус дар Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Левакант низ ба роҳ монда шуда, муддати 2 сол аст, ки ба ду нафар маъюбони гурӯҳи якум, як нафар аз ҳисоби шаҳри Левакант ва як нафар аз ҳисоби Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон нафақаи ҳизбӣ ҳар моҳ дар ҳаҷми 500-сомонӣ ба ҳар кадоми онҳо пардохт менамоянд.

Бахшида ба Иди Саиди Фитр ба Ҳақназарова Савринисо нафақаи ҳизбӣ дар ҳаҷми 1500-сомонӣ (барои 3-моҳ) ва ба Нодирова Барно ба ҳаҷми 2000-сомонӣ (барои чор моҳ) таъмин карда шуд.