ҒАМХОРӢ БА ҚИШРҲОИ НИЁЗМАНДИ ҶОМЕА

Левакант: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дастгириву ғамхорӣ зоҳир намудан ба қишрҳои ниёзманди ҷомеа, аз ҷумла маъюбону барҷомондагон, камбизоатон, ятимон ва ниёзмандон яке аз самтҳои асосии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳадафҳои барномавии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон мебошад.

Дар пайравӣ ба ин амалҳои нек ба муносибати иди саиди фитр аз тарафи соҳибкори ватанӣ ба 60-нафарниёзмандон, ятимон, маъюбон, шахсони яккаву танҳо, дардмандону бепарасторон, оилаҳои камбизоат кумакҳои яквақтаинаи хӯрокворӣ- орд, равған, гӯшт, пиёз расонида шуд.

Аз ин амали нек пайвандону наздикони ниёзмандон, ятимон, маъюбон, шахсони яккаву танҳо, дардмандону бепарасторон, оилаҳои камбизоат хушҳол гардида, барои чунин ғамхориҳо ба Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷиикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миннатдории самимона баён намуданд.