ДАСТГИРИИ НИЁЗМАНДОН ДАР АРАФАИ ИДИ ШАРИФИ РАМАЗОН

Левакант: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Раҳму шафқат ва кӯмаку ғамхорӣ нисбати табақаҳои ниёзманди ҷомеа аз ҷумлаи амалҳое мебошанд, ки риояву иҷрои онҳо қобили таҳсин ва аъмоли хайру савоб шуморида мешавад.

Табақаи ниёзманди ҷомеа зери таваҷҷуҳи ҳамешагии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, онҳо дар ҳар иду айём бо кӯмаку ғамхорӣ фаро гирифта мешаванд.

Дар ин радиф баҳри дастгирии қишри ниёзманди ҷомеа ҳамасола дар арафаи иду ҷашнҳо аз ҷониби ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Маркази иҷтимоии хизматрасонӣ дар хона” дар шаҳри Левакант дар ҳамбастагӣ бо ширкати “СИНИ ҲАЙДРО КОРПОРЕЙШН ЛТД  SINY HYDRO  CORPORATION LTD” ба ниёзмандон аз ҷумлаи ятимон, маъюбон, шахсони яккаву танҳо, дардмандону бепарасторон, оилаҳои камбизоат кӯмаки моддӣ- ғизоии орд, равған, картошка, пиёз, гӯшт  ба 142-нафар расонида шуд.