АКСИЯИ ҲИЗБӢ ТАҲТИ УНВОНИ "ДАСТИ МО ДАСТИ ХАЙР АСТ"

Левакант: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо ташаббуси кормандони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Левакант дар асоси дастуру ҳидоятҳои Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оиди кӯмак намудани оилаҳои ниёзманд дар моҳи мубораки Рамазон мутахассиси шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Левакант Қурбонова Судоба аз ҳисоби пасандозҳои шахсияш ба Одинаева Ниссо маъюби гурӯҳи 2, истиқоматкунандаи шаҳри Левакант, кӯчаи Абдулқосим Лоҳутӣ кӯмак дар намуди либоси идона тақдим намуд.