АКСИЯИ ҲИЗБӢ ТАҲТИ УНВОНИ "ДАСТИ МО ДАСТИ ХАЙР АСТ"

Левакант: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо ташаббуси кормандони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Левакант дар асоси дастуру ҳидоятҳои Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оиди кӯмак намудани оилаҳои ниёзманд дар моҳи мубораки Рамазон мутахассиси бахши омори Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Левакант Худойқулова Таманно аз ҳисоби пасандозҳои шахсияш ба Маҳмудова Чуҳригул маъюби гурӯҳи 1, истиқоматкунандаи ҷамоати деҳоти Ваҳдат, деҳаи Нурафшон кӯмак дар намуди либоси идона тақдим намуд.