АКСИЯИ ҲИЗБӢ ТАҲТИ УНВОНИ “ДАСТИ МО БАРОИ ХАЙР АСТ!”

Левакант: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо ташаббуси кормандони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Левакант дар асоси дастуру ҳидоятҳои Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оиди кӯмак намудани оилаҳои ниёзманд дар моҳи мубораки Рамазон мудири шуъбаи кор бо занон ва ҷавонони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон шаҳри Левакант Каниева Низора аз ҳисоби пасандозҳои шахсияш ба Саидова Муҳайё истиқоматкунандаи ҷамоати деҳоти Ваҳдат, деҳаи Зағертут соли таваллудаш 2005 ба маблағи 500-сомонӣ кӯмак дар намуди либоси идона ва маводҳои хӯрока расонид.

Мақсад аз чунин иқдомҳо пайравӣ ба сиёсати имрӯзаи роҳбарияти олии кишвар ба ҳисоб меравад. Ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад, саҳми худро дар болидахотирии маъюбон, ятимон, қишри ниёзманди ҷомеа, ки бо амри тақдир ин бори гарони зиндагиро паси сар менамоянд, гузоранд.