ИҚДОМИ НАВБАТИИ РАИСИ ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ ҲИЗБИИ ДЕҲАИ ИСТИҚЛОЛ ҚАЗОҚОВ САФАР

Левакант: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар асоси дастуру ҳидоятҳои Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба қишри ниёзманди ҷомеа дар арафаи таҷлили Иди саиди Фитр Қазоқов Сафар, ки ҳамчун раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии назди КИ ҲХДТ дар шаҳри Левакант ба қайд гирифта шудааст, аз ҳисоби пасандозҳои шахсияш ба маъюбон, пирони рӯзгордида ва ятимони деҳаи Истиқлол кумакҳои молиявӣ расонид.

Ҳар нафар масъул аст, ки онҳоро дастгирӣ ва кумак намояд зеро онҳо ба амри тақдир ин бори гарони зиндагиро паси сар менамоянд. Аҳсану офарин ба модарони тоҷик, ки фарзандони маъюби худро бо меҳру муҳабат ба воя мерасонанд.