КУМАК БА НИЁЗМАНДОН ДАР МОҲИ ШАРИФИ РАМАЗОН

Левакант: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Ободгарони Ватан”-и шаҳри Левакант ҷиҳати дасти кумак дароз кардан ба ниёзмандон дар пайи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикиистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар моҳи шарифи Рамазон ва арафаи Ид ба 105 корманди корхона кумаки яквақтаинаи ғизоӣ расониданд.

Ҳамзамон, раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Ободгарони Ватан” Бузмаков Муҳаммаддовуд аз тамоми кормандон барои заҳмати шабонарӯзиашон дар ободонии шаҳр изҳори сипос карда, онҳоро ба Иди Рамазон табрик намуд.

Бояд гуфт, ки бо иқдоми роҳбарияти корхона дар ҳар иду ҷашнвора аз ҳисоби корхона ба кормандони ниёзманд ва дигар эҳтиёҷмандони шаҳр кумакҳои пулию молӣ расонида мешавад.

Боиси қайд аст, ки дар ободонии шаҳр ва кабудизоркунию ниҳолшинонӣ саҳми аъзоёну ҷонибдорони ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Ободгарони Ватан”-и шаҳри Левакант назаррас буда, дар ин самт заҳмати шабонарӯзӣ мекашанд.