Пиряхҳо-манбаи асосии захираҳои обӣ

Левакант: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Таҳти чунин унвон тибқи нақшаи муштараки Сарраёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Хатлон, Раёсати маорифи вилоят ва бахшҳои маорифу ҳифзи муҳити зисти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант дар толори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №15-и шаҳр бахшида ба эълон гардидани соли 2025 –“Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” Конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор гардид.

Дар кори ин Конференсия масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант, ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Маорифчиён”-и шаҳр, намояндагони Раёсати маориф ва Сарраёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Хатлон, директорону омӯзгорон ва хонандагони муассисаҳои таълимӣ иштирок намуданд.

Конференсияро раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Маорифчиён”-и шаҳри Левакант Ашурзода Н. оғоз бахшида, иштирокдоронро ба муносибати пазируфта гардидани пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷодаи эълон гардидани соли 2025- “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” табрик намуд. Инчунин, ӯ зимни баромади худ гуфт, боиси ифтихор ва сарфарозист, ки санаи 14-уми декабри соли 2022 аз ҷониби Маҷмааи Умумии Созмони Милали Муттаҳид ташаббуси панҷуми Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соҳаи об якдилона бо қабули қатъномаи махсус тасдиқ гардид. Мувофиқи қатъномаи мазкур соли 2025 ҳамчун  “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо”  эълон карда шуда, рӯзи 21 март “Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо” пазируфта шуд.

Зикр шуд, ки сиёсати байналмилалии Ҳукумати ҶумҳурииТоҷикистон ва пазируфта шудани пешниҳодҳои Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кишвари азизамонро дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ кард.

Сипас, тибқи барномаи Конференсия омӯзгорон дар мавзӯҳои “Ҳифзи пиряхҳо- мароми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Кам гаштани захираҳои обӣ-мушкилоти глобалии сайёра”, “Зулолу ҷонфизо аст оби тоза”, “Ҳифзи пиряхҳо дар беҳсозии манбаҳои обӣ” маърӯза намуда, хонандагони Литсейи давлатии №2 ва дигар муассисаҳои таълимӣ дар васфи оби тоза, ҳифзи пиряхҳо шеърҳо қироат намуданд.

Чанде пеш, вобаста ба ҳифзи пиряхҳои Тоҷикистон, тозагии ҳифзи муҳити зист дар пайи ташаббуси панҷуми ҷаҳонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эълон гардидани соли 2025 –“Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” бо пешниҳоди расми беҳтарин, акси беҳтарин, маводҳои электронию чопӣ, ихтирову инноватсия, қироати шеъру тарона байни хонандагони ҳамаи муассисаҳои таълимӣ озмун эълон гардида буд. Дар ин озмун хонандагони муассисаҳои таълимии ҳудуди шаҳр фаъолона иштирок намуда, малакаву маҳорати худро пешкаш намуданд. Дар охири Конференсия озмун ҷамъбаст ва аз тарафи ҳайати Комиссия беҳтаринҳо муайян гашта, бо туҳфаҳои Сарраёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят ва бахши маориф ҳавасманд гардонида шуданд.

Ҳамзамон, ташкилоти ибтидоии ҳизбии шаҳри Левакант барои ҳамкориҳои судманд дар самти ҳифзи муҳити зист бо «Сипоснома»-и Сарраёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Хатлон қадршиносӣ шуд.