Озмун дар мавзӯи "Соли 2025 Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо"

Левакант: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Боиси ифтихору сарфарозист, ки ташаббуси навбатии ҷаҳонии Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба эълон намудани соли 2025 Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ва дар доираи он 21-марти ҳар сол таҷлил намудани Рӯзи байнанлмилалии ҳифзи пиряхҳо аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун ташаббуси барои сайёра муҳим ва саривақтӣ ҷонибдорӣ пайдо намуда, вобаста ба ин мавзӯъ соли 2025 дар шаҳри Душанбе конфронси сатҳи баланди Созмони Милали Муттаҳид баргузор мегардад.

Ҳамзамон, тибқи нақшаи тасдиқгардидаи ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Маорифчиён”-и шаҳри Левакант дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №15 озмуни "ҲИФЗИ ПИРЯХҲО" иборат аз шаш номинатсия баргузор гардид. Дар ин озмун хонандагони МТМУ-и №14 иштирок намуда, дар номинатсияи "Ҳикояи беҳтарин" хонандаи синфи 7”А”  Садирова Моҳира сазовори ҷои 1-ум ва дар номинатсияи "Видеоролики беҳтарин" Толибов Бахтиёр сазовори ҷои 3-юм гардиданд.