Фаҳмондадиҳӣ ба сокинони кӯчаи Рӯдакӣ

Левакант: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар асоси супориши раиси шаҳри Левакант Файзиддинзода Бунафша, гурӯҳи кории Мақомот иборат аз мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Левакант Расулов Меҳтоҷалӣ, мудири шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳо Абдуқудусов Тоирҷон, сармутахассис-ҳуқуқшиноси шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳо Сайдалиев Ф., корманди шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ  дар кӯчаи Рӯдакӣ оиди корҳои ободонию созандагӣ ва сабзкорӣ бо сокинон фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуд.

Аз тарафи гурӯҳи корӣ ба ҳар як корхонаву идораҳо гуфта шуд, ки тозагию ободониро аз дари хонаи худ сар карда, саҳми худро дар ободонии шаҳр гузоранд.