Баргузории Фестивали «Сад ранги чакан»

Левакант: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Имрӯз 3-юми апрел ҷиҳати арҷгузорӣ ба фарҳанги миллӣ ва анъанаҳои неки аҷдодӣ, баланд бардоштани фарҳанги либоспӯшӣ, таблиғу ташвиқи либосҳои миллии чакан, атласу адрас ва аз байн бурдани тамоюли бегонапарастӣ байни занон ва ҷавондухтарон тибқи нақша аз ҷониби бахши кор бо занон ва оила дар якҷоягӣ бо бахши маориф, бахши САҲШ-и ш. Левакант ва Литсейи касбии саноатии кимиёӣ, Донишгоҳи байналмилалии соҳибкории сайёҳии Тоҷикистон дар шаҳри Левакант дар Қасри фарҳанги шаҳр фестивали «Сад ранги чакан» баргузор гардид.

Дар ин чорабинии фарҳангӣ муовини сардори Раёсати фарҳанги вилоят Шарифзода Савсан, мудири бахши кор бо занон ва оилаи Раёсати кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон Холмуродова Меҳриниссо, мудири бахши кор бо занон ва оилаи МИҲД-и ш. Левакнт Халилова Н., бонувону духтарон ва дигар фаъолзанони шаҳр иштирок намуданд.

Пешкаши ҳунарҳои миллию мардумӣ, либосҳои миллӣ ва ба бар намудани чакан, атласу адрас аз бахшҳои асосии ин чорабинии фарҳангӣ буда, гулдухтарони шаҳр ва бонувони ҳунарманд, фаъолона иштирок намуда, маҳорату малакаи худро нишон доданд.

Чорабинӣ дар сатҳи хеле хуб баргузор гардида, ҷараёни он аз ҷониби намояндагони вилоят ва меҳмонон баҳои хуб гирифта, беҳтаринҳо барои иштирок дар даври вилоятии фестивали "Сад ранги чакан" роҳхат гирифтанд.

Дар хотимаи чорабинӣ мудири бахши кор бо занон ва оилаи МИҲД-и ш. Левакант- Халилова Н. аз тамоми довталабону иштирокдорон барои иштироки фаъол ва дар сатҳи баланд гузаронидани Фестивали мазкур изҳори сипос намуд.