ЛЕВАКАНТ: ЭҲЁГАРИ АНЪАНАҲОИ МИЛЛӢ

Левакант: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Ҷашни Наврӯз яке аз қадимтарин, бузургтарин ва зеботарин ҷашнҳои ҷаҳон аст. Наврӯз ҷашни бедоршавии табиат буда, ҳангомест, ки рӯзгори куҳан зиндагиро аз сар мегирад ва замона ва он чи дар ӯст, нав мешавад. Дар айёми ҷашни Наврӯз деҳконон бо нияту орзуҳои нек ба киштукори баҳорӣ оғоз менамоянд. Модарону ҳоҳарони азизи мо бо тоза намудани гирду атрофи хона, пухтани хӯрокҳои алафӣ ва суманак табъи хонадонро болида мегардонанд. Занҳои рӯзгордидаи маҳал ба гулдухтарон тарзи омода намудани хӯрокҳои баҳорӣ ва ҳунарҳои мардумиро меомӯзонанд. Ҷавонони маҳалла ва деҳаҳо дар айёми ин ҷашни оламафрӯз мебошанд. Ҳамин тариқ Наврӯз аз маъруфтарин ва маҳбубтарин ҷашнҳои мардуми тоҷик ба шумор меравад. Наврӯз ҷойи вохӯрӣ ва муносибати мардум, ҷое, ки ҳам зану мард ва ҳам пиру ҷавон гирд меоянд, шодию хурсандӣ мекунанд, лаззати эстетикӣ мебаранд, ёдоварӣ аз гузаштагон менамоянд ва пайванди худро бо табиат баён мекунанд. Бо ин мақсад тибқи нақша- чорабиниҳои ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ дар маҳалла ва деҳаҳои шаҳр ин ҷашни хуҷастапай бо тантана гузаронида мешавад. Ин навбат чорабинӣ, ҷашни бахшида ба Наврӯзи хуҷастапай дар майдони варзишии шаҳр баргузор гашта истодааст.