ПЕШГИРИИ ШОМИЛШАВИИ ҶАВОНОН БА ҲАРГУНА ҲИЗБУ ҲАРАКАТҲОИ БЕГОНА ЭКСТРЕМИСТИЮ ТЕРРОРИСТӢ

Левакант: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо ташабуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Левакант суҳбату вохӯрӣ бо усули хона ба хона  бо сокинони ҷамоати деҳоти Вахш вобаста ба таҳлилу баррасии масъалаҳои пешгирии падидаҳои номатлуби ҷаҳони муосир – экстремизму терроризм дар деҳаи Вахш баргузор гашт. Дар суҳбату вохурӣ бо усули хона ба хона  фаъолони ҷомеа  бо иштироки мутахассиси шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Левакант Қурбонова Судоба ва ҳамзамон кормандони бахши кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант, ташкилоти ибтидоии ҳизбии "ВНМО" суҳбату вохӯриро бо сокинони деҳаи Вахши Ҷамоати деҳоти Ваҳдат оиди пешгирии ҳама гуна бемориҳои сироятӣ, риояи гигиенаи шахсӣ, ҷинояту ҷинояткорӣ, омилҳои экстремистию террористӣ, таҳсилоти гайрирасмии динӣ, шабгардию оворагардӣ, баланд бардоштани савияи дониши хонандагон, даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монданд.

Дар фарҷоми суҳбату вохӯрӣ аз ҷониби гурӯҳи корӣ ҷиҳати пешгирии ҳама гуна бемориҳои сироятӣ маводҳои таблиғотӣ ба сокинон дастрас карда шуданд.