СОАТИ СИЁСӢ-ТАРБИЯТГАРИ НАСЛИ НАВРАС

Левакант: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо мақсади баланд бардоштани маърифати сиёсии наврасон ва ҷавонони синни 12-24 сола, тарбияи онҳо дар рӯҳияи Ватандӯстӣ, худшиносӣ, ҳуввияти миллӣ ва эҳтиром гузоштан ба мактабу маориф нақшаи муштараки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Вазорати Маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таҳкими низоми таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимии ҳудуди вилояти Хатлон тасдиқ карда шудааст, ки тибқи он ҳар рӯзи шанбеи охири моҳ дар тамоми муассисаҳои таълимӣ соати сиёсӣ гузаронида мешавад.

Бо ин мақсад дар МТМУ№3-и шаҳри Левакант деҳаи “Вахш”-и ҷамоати деҳоти “Ваҳдат” бо иштироки мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии тоҷикитсон дар шаҳри Левакант Расулов Меҳтоҷалӣ ва омӯзгорони соҳибтаҷриба ва собиқадорон миёни наврасон ва ҷавонон Соати сиёсӣ дар мавзуҳои зерин: “Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ”, “Бахшида ба 30-солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон”, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим", "Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” гузаронида шуд.