БАРГУЗОРИИ “СОАТИ СИЁСӢ” ДАР МУАССИСАҲОИ ТАҲСИЛОТИ МИЁНАИ УМУМИИ ТАЪЛИМӢ ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ!

Левакант: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Санаи 31 декабри соли 2022 дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Левакант дар асоси Амалиёти муштараки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Точикистон “Соати сиёсӣ” доир гардид. Дар соати сиёсӣ хонандагон иштироки фаъолона доштанд ва онҳо дар мавзуъҳои “Иштироки ҷавонон дар ҳаёти сиёсӣ ва иқтисодиёти ҷомеа”, “Вазъи сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷаҳон дар давоми моҳи ҷорӣ, баррасии “Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои милаат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ” ва “2025 соли Байналмилаллии ҳифзи пиряхҳо” баромадҳо ва суҳбатҳои судманд баргузор намуданд. Дар рафти баргузории соатҳои сиёсӣ қайд карда шуд, ки имрӯз ҷавонони мо дар ҳаёти сиёсӣ ва иқтисодии ҷомеа назари солим ва диди густурда доранд, ки ин нишонаи возеҳи ташаккулёбии мафкураи соҳибватанӣ ва хештаншиносии насли ояндасози кишварамон мебошад. Ҷавонони мо дуруст дарк кардаанд, ки ширкати фаъолона ва саҳмашон дар марҳалаи кунунии ободкории Ватан пеш аз ҳама, ба манфиати худи онҳо мебошад, зеро фардо худашон дар ҳамин сарзамин зиндагӣ карда, масъулияти рушди онро ба зиммаи хеш мегиранд.

Шуъбаи таблиғот иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Левакант.