ҲХДТ ҲИЗБИ ПЕШБАРИ ҶОМЕА МЕБОШАД!

Левакант: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Масъулини Кумитаи иҷроия ҳизб бо мақсади зиёд кардани сафи аъзои ҳизб, ба як нафар корманди ташкилоти ибтидоии “Барқчиён”-и шаҳри Левакант барои пайвастан ба сафи ҳизб ариза пешниҳод карда буд ба ӯ дар вазъияти тантанавӣ шаҳодатномаи ҳизбӣ тақдим намуданд. Инчунин масъулини Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Левакант ба аъзои нав оид ба банди 13-и роҳнамо «Узви ҳизб бояд чиро донад?» ҳаматарафа фаҳмониданд. Ба ҳамагон маълум аст, ки дар миёни дигар ҳизбҳои сиёсӣ Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муваффақу дастболо буда,  дар баробари ҳадафҳои неку созанда тарбиятгари насли ҷавон дар масири хештаншиносӣ мебошад. Зеро роҳбарии ин Ҳизби созандаву бунёдкорро Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарварӣ менамояд, ки пайравони мактаби хирадмандонаву сулҳпарваронаи Роҳбари ташаббускору навовар рӯз то рӯз зиёд гардида истодааст.