ИДОМАИ САНГФАРШКУНӢ ДАР ТАШКИЛОТҲОИ ҲИЗБӢ

Левакант: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Левакант масъулини ташкилоти ибтидоии ҳизбии деҳаи ”Навобод”-и  шаҳри Левакант корҳои таъмиру барқарорсозии роҳҳои ташкилоти ибтидоии ҳизбии деҳаи Навободро дар мавсими зимистон ба роҳ монданд. Боиси зикр аст, ки бинобар боришоти пайдарпай ва селфароӣ, роҳи мошингарди ташкилоти ибтидоии ҳизбии деҳаи Навобод ҷамоати деҳоти Ваҳдат ҳамасола корношоям мегардад, раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии деҳаи Навобод Қурбонов Бозор ва аъзоёну ҷонибдорони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бошанд, ба ин нигоҳ накарда, роҳро таъмир намуда, мушкилоти сокинони деҳаро осон мегардонанд. Ёдовар мешавем, ки ин роҳи ташкилоти ибтидоии ҳизбии деҳаи Навобод ҷамоати деҳоти Ваҳдат ва якчанд деҳаҳои дигарро ба маркази шаҳри Левакант мепайвандад.

Дар назар аст, ки бо ҷалби аъзоёну ҷонибдорони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳр зиёда аз 1200-метр роҳ пурра сангфарш карда шуд.

Ҳамзамон, раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии деҳаи “Навобод” Қурбонов Бозор қайд намуд, раҳоӣ бахшидани кишвар аз бунбасти коммуникатсионӣ яке аз ҳадафҳои стратегии Ҳукумати мамлакат мебошад. Ин аст, ки мо ба масъалаи бунёди роҳҳои нав ва таъмиру таҷдиди роҳҳои мавҷуда таваҷҷуҳи хоса ва доимӣ зоҳир менамоем. Ҳамин таваҷҷуҳ боис гардид, ки дар даврони Истиқлолияти давлатӣ ҳазорҳо километр роҳҳои мошингард сохтаву таҷдид ёфта, даҳҳо километр нақбҳои мошингузар ва садҳо пул бунёд гардида, имрӯз мушкилоти рафтуомади сокинону меҳмонони кишвар ва ҳамлу нақли молу маҳсулот аз як минтақа ба минтақаи дигари мамлакат бамаротиб осон гардонида шуд. 

Шуъбаи таблиғот иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Левакант