ЛЕВАКАНТ: ХАЙРУ САХО БА НИЁЗМАНДОН!

Левакант: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Аз тарафи аъзоён ва ҷонибдорони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Левакант тибқи нақшаи-ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Амонатбонк"-и шаҳри Левакант. Дар асоси дастуру супоришҳои Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арафаи соли нави мелодии 2023,  ба як оилаи ниёзманди шаҳр, бо маблағи 1000 сомонӣ кумаки ғизоӣ расонида шуд. Раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Амонатбонк”-и шаҳри Левакант-Файзов Рустам бо колективи аъзоён ва ҷонибдорони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Левакант ва мудири бахши ҳифзи иҷтимоии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант-Саидов Дилшод ва дигар масъулин ба аёдати модари маъюб, ки истиқоматкунандаи кӯчаи Зебонисо-2, Раҷабова Тоҷиниссо омада аз ҳолу аҳволаш хабар гирифтанд. Ва кумакҳои ғизоиро, ки аз орду равған, гушт, қанд, картошка, сабзӣ, пиёз, биринҷ, макарон ва маводи шустушуӣ иборат буд барои эҳтиёҷоти моҳона ба холаи Тоҷиниссо Раҷабова  расониданд. Боиси зикр, ки Тоҷиниссо Раҷабова беш аз 10-сол аст, ки бар асари як беморӣ тамоман роҳ рафта наметавонаду бистарӣ мебошад ва аз беморӣ ранҷ мекашад. Раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Амонатбонк”-и шаҳри Левакант-Рустам Файзов зимни ин аёдат тасмим гирифт, ки бо ҷонибдорӣ аз сиёсати пешгирифтаи Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҷиҳати дасти кумак дароз кардан ба ниёзмандону барҷомондагон, то соли нави мелодӣ ба холаи Тоҷиниссо Раҷабова ва боз чанд оилаҳои дигари ниёзманд кумакрасонӣ мекунад. Шуъбаи таблиғот иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Левакант