ЛЕВАКАНТ: ТАШАБУСҲОИ ҲИЗБӢ!

Левакант: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар арафаи иду ҷашнҳо расонидани кӯмак ба оилаҳои эҳтиёҷманд, маъюбон ва бепарастарон имрӯзҳо ба ҳукми анъана даромадааст. Дар асоси дастуру супоришҳои Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз 15-уми декабри соли ҷори дар арафаи соли нави мелодии 2023, бо ҷонибдори аз сиёсати пешгирифтаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти дастгирии табақаҳои ниёзманди аҳолӣ, аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант ба 20-нафар шахсони имконияташон маҳдуд кумакпулиҳо расонида шуд. Ҳамзамон мудири бахши ҳифзи иҷтимоии аҳолии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шари Левакант-Саидов Дилшод бо дигар шахсони масъул ва ҷонибдорону аъзоёни Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон нафарони имконияти маҳдудидоштаи шаҳрро аёдат намуда, кумакпулиҳоро ба ҳар як ниёзманд дар ҳаҷми 300-сомонигӣ расониданд.