МАЪРАКАИ НИҲОЛШИНОНӢ ДАР ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ

Левакант: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо супориши раиси шаҳри Левакант муҳтарам Файзиддинзода Бунафша ва тамоми ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии шаҳри Левакант дар мавсими нави ниҳолшинонӣ дар кӯчаи А. Рӯдакии ш. Левакант, бо ҷалби кормандони тамоми ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ фаъолон ва ҷонибдорони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон маъракаи ниҳолшинонӣ оғоз гардид. Дар ин рӯз дар кӯчаи А. Рӯдакии шаҳр, як миқдор ниҳоли ҳамешасабзи арча шинонида шуд. Муовини аввали раиси шаҳр-Кабирзода Н. дар ин маъракаи сабзкорӣ иштирок намуда, ба масъулини бахши ҳифзи муҳити зисти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва роҳбарону кормандони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ тавсия доданд, ки арча растании ҳамешасабз буда, ба синфи сӯзанбаргон дохил мешавад. Намудҳои он, асосан, дарахт ё бутташакл буда, баъзан хобраванда мешаванд. Шаклҳои дарахтии он 10-12 м ва ҳатто то 20-30 м ба боло қад мекашанд. Баргҳои аксари растаниҳои ҷавони арча дар солҳои аввали сабзишашон сӯзанмонанд буда, баъд шакли пулакчаро мегиранд. Дар баъзе намудҳои арча баргҳо ба таври доимӣ сузаншакл (патакарча) боқӣ мемонад. Баргҳои сӯзанмонанд шакли нештар ё хорро доранд. Баргҳои пулакчашакл одатан, хурд буда, болои ҳам ё гирдогирд ҷойгир шудаанд. Арча дарахти дарозумр аст. Ҳатто дар синну соли 800 -1000-солагӣ дар он шохҳои ҷавон пайдо шуда, метавонанд чалғӯзаи бисёр ва тухми аълосифат ҳосил кунанд. Дар минтақаҳои ҷангалҳои паҳнбарг арча дар ҷойҳои холии замин, ки барои сабзиши дигар намудҳои дарахтон мувофиқ нест, анбӯҳи мустақили арчазорро пайдо мекунад. Бо ин роҳ худро аз рақобати дигар растаниҳо барканор мегирад. Дарахтони ҳамешасабзи арчаро дуруст шинонида, ба сабзиши онҳо эътибори ҷиддӣ диҳанд. Боиси зикр аст, ки дар рӯзҳои дигар чунин маъракаҳои сабзкорию ниҳолшинонӣ бо ҷалби тамоми кормандони ташкилоту корхона ва сокинони шаҳр идома меёбад. Шуъбаи таблиғот иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Левакант