ЧОРАБИНИИ ИДОНА БАХШИДА БА РӮЗИ ТАЪСИСЁБИИ ҲИЗБИ ХАЛҚИИ ДЕМОКРАТИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ БАРГУЗОР ГАРДИД!

Левакант: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Имрӯз ба муносибати 28 -солагии таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар толори ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Сайёҳи” шаҳри Левакант ҳамоиши ҳизбӣ баргузор гардид, ки дар он роҳбарону фаъолони ташкилоту муассисаҳо, Кумитаи иҷроияи ҳизб дар  шаҳр,  роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант, ихтиёриёни ҷавонони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Левакант иштирокчиёни озмунҳои ҷумҳуриявии  “Фуруғи субҳи донои китоб аст”, "Илм фурӯғи маърифат", "Тоҷикистон Ватани азизи ман" ва донишҷӯёну омӯзгорони ташкилоти ибтидоии мазкур иштирок доштанд. Ҳамоишро бо сухани табрикотӣ Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Левакант Олимзода Низора ифтитоҳ бахшид. Нахус раиси шаҳри Левакант муҳтарам Файзиддинзода Бунафша-суханронӣ намуда, аз нақши Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар бунёди ҷомеаи соҳибистиқлоли Тоҷикистон ёдовар гардид. Мавсуф иброз дошт, ки дар партави сиёсати хирадмандони Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамчун нерӯи пешбарандаи ҷомеа миёни сокинони кишварамон маҳбубияти зиёд пайдо намуд. Дар охир раиси шаҳри Левакант муҳтарам Файзиддинзода Бунафша ба ҳамаи аъзоён, ва фаъолону роҳбарони ташкилотҳои ибтидоии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Левакант ва ҳамчунин иштирокчиёни озмунҳои ҷумҳуриявии  “Фуруғи субҳи донои китоб аст” "Илм фурӯғи маърифат", "Тоҷикистон Ватани азизи ман"   бахшида ба 28-умин солгарди Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон табрику муборак бод намуда дар корҳояшон бурдбориҳо тамано намуд.  Баъдан, Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Левакант Олимзода Низора ба сухан баромада, оид ба таърихи таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикитсон ва марҳилаҳои муҳими тайнамудани ин нерӯи пешбарандаи ҷомеа, ки дар рушду ташаккули минбаъдаи Тоҷикистони соҳибистиқлол нақши меҳварӣ дорад, ибрози андеша намуд. Мавсуф иброз дошт, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон-зодаи истиқлоли кишвар буда аз умқи мардум реша мегирад ва он ҳимояи манфиатҳои халқро ҳадафи асосии худ қарор дода барои саодати халқ ва ободии ватан саъю талош меварзад Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар замоне ба майдони сиёсат омад, ки ҷомеаи навини мо ба қувваи сиёсии ташабускор ва ҳимоятгари мардум ниёз дошт. Идеяи таъсиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, ки фарогири тамоми ҳадафу манфиатҳои ояндасози давлат ва миллат арзёбӣ мегардад, ҳанӯз моҳи ноябри соли 1992 дар доираи Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Сарвари ҷавони кишварамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод гардида буд. Баъдан, дар таърихи 12-уми июни соли 1993 Кумитаи тадорукотӣ таъсис дода шуд, ки пайравони содиқи Роҳбари давлат ҳуҷҷатҳои ташкилии ҳизбҳои навтаъсиси демократии Руссия, Ҳизби Сотсиал демократи Олмон, Ҳизби демократии ИМА ва як қатор ҳизбу ҳаракатҳои сиёсии дунёро омӯхта, ба хулосае омаданд, ки ҳизби ифдодагари орзуву ормонҳои мардуми Тоҷикистон бояд моҳияти халқиву демократӣ дошта бошад. Бинобар ин, дар арафаи омодагӣ ба Имзои созишномаи сулҳу ваҳдати миллӣ санаи 25-уми июни соли 1997 Анҷумани 3-юми Ҳизби Халқии Тоҷикистон доир гардида, ба номи ин ҳизби сиёсӣ вожаи “Демократия” илова гардида, он ба унвони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба расмият дароварда шуд. Зикр гардид, ки дар тӯли 28 соли арзи ҳастӣ доштани ин нерӯи бузург бо ташаббуси аъзои фаъол, ҷонибдорон ва дигар соҳибкорону сокинони саховатманд, дар саросари кишварамон аз ҷумла вилояти Хатлони шаҳри Левакант корҳои бузурги ободонӣ анҷом дода шудааст. Аз ҷумла, давоми солҳои охир Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Левакант соҳиби биноҳои наву замонавӣ ва нақлиёти хизматӣ гардидааст. Дар чорабинӣ ҳамчунин раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Сайёҳи” Баротзода Шарифхон оид ба нақши Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар рушду пешрафти Ҷумҳурии Тоҷикистон, татбиқи сиёсати давлатӣ ва роҳнамоии ҷомеаи шаҳрвандӣ ба корҳои бузурги ободониву созандагӣ изҳори андеша намуданд. Дар идомаи чорабинии бахшида ба Рӯзи таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аз ҷониби Кумитаи иҷроияи  Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Левакант ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант ва ҳамзамон аз номи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Левакант ба раиси шаҳри Леванкант муҳтарам Файзиддинзода Бунафша Сипонома барои фаъолияти пурсамар, саҳмгузории дар амалисозии ҳадафҳои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва баланд бардоштани этибору нуфузи ҳизб дар байни ҷомеа бахшида ба 28-солагии таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуд, ва ҳамчунин ба раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Левакант Низора Олимзода барои саҳми арзанда гузоштан дар пешбурди сиёсати ягонаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳр ва иштироки фаъолона дар чорабиниҳои сиёсӣ ба муносибати 28-солагии таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Сипоснома-и мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант сарфароз гардонида шуд Раиси шаҳри Левакант муҳтарам Файзиддинзода Бунафша инчунин як қатор собиқадорону фаъолони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, ки дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ ва муаррифии шоистаи ҳизб миёни ҷомеа саҳми босазо доранд, ҳамчунин ба иштирокчиёни озмунҳои ҷумҳуриявии  “Фуруғи субҳи доноӣ китоб аст” "Илм- фурӯғи маърифат", "Тоҷикистон- Ватани азизи ман"  бо Ифтихорнома ва Сипоснома қадрдонӣ карда шуданд.