КӮМАКҲОИ ХАЙРХОҲОНА АМАЛИ ХАЙРУ САВОБ АСТ

Левакант: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар арафаи иду ҷашнҳо расонидани кӯмак ба оилаҳои эҳтиёҷманд, маъюбон ва бепарастарон имрӯзҳо ба ҳукми анъана даромадааст. Дар асоси дастуру супоришҳои Кумитаи Иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон ва нақша-чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Левакант  бахшида ба 28-солагии таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар кумитаву ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ як зумра чорабиниҳои сиёсӣ, маҷлисҳои тантанавӣ, мусобиқаҳои варзишӣ ва аксияву кӯмакҳои хайриявӣ баргузор шуда истодааст. Ин навбат декабри соли ҷори бо мақсади дастгирию кӯмак ба оилаҳои ниёзманд раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Левакант Олимзода Низора бо намояндагону масъулони ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Роҳи оҳан”  таъминоти озуқаворӣ оилаҳои ниёзмандон аёдат намуда, кӯмакҳои яквақтаина расониданд. Расонидани кӯмак ва дастгирии табақаҳои эҳтиёҷманд, аз ҷумла маъюбон, ҳамеша зери таваҷҷуҳ ва ғамхории Пешвои миллат қарор дошта, минбаъд низ бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Левакант барои дастгирии иҷтимоии қишрҳои эҳтиёҷманди аҳолӣ кӯмакҳои хайрхоҳона бо ҷалби шахсони хайрхоҳу саховатпеша тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд.

Шуъбаи таблиғот иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Левакант