«Мактаби сиёсии Пешвои миллат – Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон».

Левакант: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Тибқи нақша-чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Левакант дар асоси амалиёти муштараки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон  ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон  Амалиёти "Соати сиёсӣ" дар муассисаи давлатии Литсейи №2-и шаҳри Левакант дар мавзуъҳои  “Нақши 30-солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давлатдории навини тоҷикон” “Вазъи сиёсии Тоҷикистон ва ҷаҳон”, “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, “Тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстии ҷавонон ва ҷалби сарбози ихтиёрӣ”, баргузор гардид. Мақсад аз баргузор намудани Аммалиёти мазкур, ин тарбияи ватанпарастии наврасону ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ, баланд бардоштани савияи дониши сиёсии хонандагон ва бедор намудани зиракии сиёсӣ онҳо мебошад. Амалиёти мазкур ҳар охири моҳ бо иштироки омӯзгорони фаъол, байни донишҷуёни муассисаҳои олӣ, коллеҷҳо ва хонандагони муассисаҳои таълимии миёнаи умуми гузаронида мешавад.

Шӯъбаи таблиғот иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Левакант