БАРГУЗОРИИ "СОАТИ СИЁСӢ" ДАР МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМӢ ТАҲСИЛОТИ МИЁНАИ УМУМИИ №1-И ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ

Левакант: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар асоси нақша-чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон ва Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Левакант санаи 26- уми ноябри соли ҷори 2022 дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1-и шаҳри Левакант "Соати сиёси" бо иштироки кормандони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Левакант омӯзгорон ва хоноандагони синфҳои болои "Соати сиёси"дар мавзӯи "Вазъи сиёсии Тоҷикистон ва ҷаҳон", гузаронида шуд. қайд кардан ба маврид аст, ки ҷавононро дар рӯҳияи ватандӯстиву худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ, ба қадри неъмате чун истиқлолияту давлатдорӣ ва ваҳдати миллӣ расида, арзишҳои муқаддастарини давлату давлатдориро дарк намуда, ба воя расанд. Бояд ҷавонон дарк намоянд, ки пос доштани ин муқаддасот ҳам қарз, ҳам масъулият ва ҳам шарафу номуси ватандорӣ, ҳам ифтихор аз давлату миллати хеш ва ҳам талошу заҳмати ҳар фарди бедордили ҷомеа баҳри худшиносӣ, маърифат ва фарҳанги волои миллӣ аст.